Камонварони тоҷик ба Самарқанд мераванд

Варзишгарони тоҷик бо ҳамтоёни худ аз Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Украина қувва меозмоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалии камонварӣ дар миёни занон баргузор мешавад.
Ин нахустин мусобиқаи байналмилалии камонварие мебошад, ки аз 27 то 29 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мегардад.
Мусобиқа таҳти унвони "Ҷоми Томирис" миёни варзишгарони шаш давлат сурат мегирад. Тоҷикистонро дар мусобиқа дастпарварони Марям Кантаева намояндагӣ мекунанд.
Варзишгарони тоҷик дар “SHYMKENT CUP” шаш медал ба даст оварданд
Дар баробари Фирӯза Зубайдова, Заронаи Фирӯз ва Мавзуна Азимова, инчунин варзишгарон аз Украина, Русия, Гурҷистон, Қирғизистон, Қазоқистон дар ин сабқат иштирок мекунанд.
Кумитаи милли олимпӣ мегӯяд, дар мусобиқаи "Ҷоми Томирис" дастикам 50 варзишгар байни ҳам қувва меозмоянд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали ҷорӣ низ дар Тошканд мусобиқаи камонварӣ сурат гирифт ва варзишгарони тоҷик ду медали нуқра ба даст оварданд.