ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Игор Черевченко аз вазифаи сармураббии "Химки" рафт. Дар ин бора дафтари матбуотии даста хабар дод.
Сабаби аз мақом рафтани Черевченко мушаххас нашудааст, вале маълум аст, ки мураббӣ ва клуб бо мувофиқаи тарафайн шартномаро қатъ кардаанд.
Ба гуфтаи варзишгар, тасмими тарки "Химки" барои ӯ осон набуд. Ӯ ба роҳбарият, маъмурият ва мухлисони клуб изҳори сипос намуд.
"Давоми як соле, ки ман дар ин ҷо гузаронидам, мо лаҳзаҳои душворро якҷоя паси сар кардем ва ғалабаҳои фаромӯшнашаванда ба даст овардем. Ман бозиҳои"Химки" - ро пайгирӣ карда, нигарони ҳар як бозигаре, ки бо онҳо кор кардам хоҳам буд", - гуфт Черевченко.
Якҷо бо собиқ мураббӣ Игор Семшов ва Валерий Климов дастаро тарк мекунанд.
Игор Юшенко ва Дмитрий Улянов бозигаронро ба бозиҳои оянда омода мекунанд. Рӯйхати мухтасари номзадҳо ба вазифаи сармураббии бошгоҳ то 1 ноябр тартиб дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Черевченко аз сентябри соли 2020 дар "Химки" кор мекунад. Бо роҳбарии ӯ даста дар 33 бозӣ 15 ғалаба ба даст оварда, дар Лигаи олӣ мақоми рекордии ҳаштумро касб кард.
Баъди 12 даври РПЛ "Химки" дар ҷадвали мусобиқа бо 11 хол ҷои 14-умро гирифт.