ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Расонаҳои маҳаллӣ гузориш доданд, ки гурӯҳи террористии ДИИШ* парчамҳои худро дар “вулусволиҳои Деҳровуд”-и вилояти Урузгони Афғонистон барафрохтааст.
Бар асоси ин гузоришҳо, тайи чаҳор рӯзи ахир аъзои гурӯҳи ДИИШ* дар рустои Деҳзангии вулусволии Деҳровуд парчамҳои сиёҳи худро барафрохтааст.
Гуфта мешавад, ки аъзоёни ин гурӯҳи ДИИШ* низ аз сокинони русто хостаанд, ки бо ин гурӯҳ пайванданд ва ҳамкорӣ кунанд.
Тибқи иттилои расонаҳо, ки гурӯҳи ДИИШ* дархости хаттӣ барои пайвастан ба ин гурӯҳ ба масоҷиди рустоҳои Зарталӣ ва Мерчи вулусволии Деҳровуд фиристодааст.
Дар ин номаҳо ДОИШ ба сокинони маҳаллӣ барои пайвастан ба ин гурӯҳ ба ҳар як нафар 30 ҳазор афғонӣ пешниҳод кардааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои манбаъ, гурӯҳи “Толибон”* низ дар атрофи ин рустоҳо тадобири амниятиро шадидтар кардаанд.
Ин гурӯҳ то ҳол дар бораи барафрохтани парчами ДИИШ* дар Урузгон изҳори назар накардааст. Солҳои ахир ДИИШ дар вулусволии Хоки афғон вилояти Зобул, ҳамсояи Урузгон фаъол аст.
Пас аз тасарруфи Афғонистон аз сӯи “Толибон”* рӯзи 24 август масъулияти маргбортарин ҳамлаҳоро ДИИШ бар ӯҳда гирифт.
* - гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон