ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Даҳҳо нафар аз ҷонибдорони гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИИШ)* ба мақомоти маҳаллӣ, ки аз сӯйи гурӯҳи “Толибон”* дар вилояти Нангарҳори Афғонистон таъсис ёфтааст, таслим шуданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории "Pajhwok Afgon News".
"50 ҷангҷӯи ДИИШ* ба нерӯҳои давлатӣ дар Нангарҳор таслим шуд", - иттилоъ додааст намояндаи ҳукумати “Толибон”* дар ин минтақа.
Гуфта мешавад, ки ҷангҷӯёни ДИИШ бо "миёнаравии раҳбарони қабилаҳои маҳаллӣ" ба мақомоти нави Афғонистон таслим шудаанд.
Вале тибқи иттилои манбаъ, то ҳол дар бораи сарнавишти аксари таслимшудангон маълумоте дар дастрас нест.
Дар моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр дар чанд вилояти Афғонистон, аз ҷумла пойтахт, дар як вақт чанд таркиш, ҳамлаҳои мусаллаҳона ва тирандозӣ сурат гирифт, ки дар онҳо ҳам ҷангҷӯёни “Толибон” ва ҳам сокинони маҳаллӣ кушта шуданд.
Масъулияти бархе аз ин амалҳои террористиро гурӯҳи “ДИИШ дар Хуросон”*, як шохаи ДИИШ* бар уҳда гирифт.
Рӯзи 10-уми октябр Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон”* гуфт, ки созмони "Давлати исломӣ"* барои Афғонистон хатар надорад ва “Толибон”* қодиранд, бо ин гурӯҳ мубориза баранд.
Ёдовар мешавем, ки артиши ИМА Афғонистонро баъди 20 соли ҳузур тарк кард.
Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА "Толибон"* фаъол шуда, нимаи моҳи август ҳукумат дар ин кишварро ғасб намуд. Бисёри музофотҳо бидуни муқовимат таслим шуданд. "Толибон"* эълон кард, ки дар кишвар аморати ба ном исломиро ташкил мекунад ва тибқи қоидаҳои шариат ҳукуматдорӣ хоҳад кард.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар