ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Барномаи озуқаи ҷаҳонии СММ (WFP) иттилоъ додааст, ки 22,8 миллион нафар ё беш аз нисфи ҷамъияти 39-миллионнафарии Афғонистон бо масъалаи ҷидии ноамнии ғизоӣ мувоҷеҳ ҳастанд, ки идомаи он ба гуруснагӣ ва қаҳтӣ дар ин кишвар мунҷар хоҳад шуд. Ин рақам ду моҳ пеш 14 миллион нафар будааст.
Бар асоси ин гузориш, “кӯдакон хоҳанд мурд, мардум бо қаҳтӣ ва гуруснагӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва вазъ бадтар мешавад. Он чизе ки мо интизор будем, амалӣ шуд. Кобул зуд суқут кард ва иқтисоди кишвар аз он чизе мо интизор доштем, зудтар суқут дорад. Мо намедонем, ки раҳбарони ҷаҳон аз ин вазъ огоҳ ҳастанд ё на”.
Ба гуфтаи коршиносони ин ниҳоди СММ, манобеи молӣ бояд барои таъмини кумакҳои башардӯстона дар дастрас қарор бигиранд ва озод шаванд, то мардуми ин кишвар зинда бимонанд.
Созмони Милали Муттаҳид хостори раҳоии дороиҳои молии Афғонистон дар чаҳорчӯби як иқдоми башардӯстона шуд ва як мақоми баландпоя ҳушдор дод, ки дар сурати андешида нашудани чораҳои таъҷилӣ ба миллионҳо афғонистонӣ, аз ҷумла кӯдакон хатари гуруснагӣ таҳдид мекунад. "Агар чорае андешида нашавад, мо шоҳиди фоҷеаи инсонӣ хоҳҳем шуд", - гуфтааст СММ.
Дар Афғонистон аз моҳи август, замоне ки “Толибон” (мамнӯъ дар Русия) ба сари қудрат омад, буҳрон амиқтар шуд. Буҳрони ғизоӣ низ бинобар бад шудани иқлим бадтар шудааст.
Бар асоси ин гузориш, Барномаи озуқаи ҷаҳонии СММ (WFP) барои таъмин кардани тақрибан 23 миллион нафаре, ки дар остонаи зимистон хеле осебпазиранд, дар як моҳ ба 220 миллион доллар ниёз дорад.
Аксари афғонҳо молу мулкашонро барои харидани хӯрок мефурӯшанд. Давлати муваққати “Толибон” низ имкони пардохти маоши шаҳрвандонро надорад ва барои нахустин бор мардуми шаҳр низ мисли мардуми русто бо буҳрони камбуди ғизо рӯ ба рӯ шудаанд.