Эълони натоиҷи аввалияи интихобот: Шавкат Мирзиёев пешсаф аст

КМИӮ натоиҷи аввалияти интихоботи президентии Ӯзбекистонро эълон кард ва пешсафони ин маъракаи муҳими сиёсӣ маълум шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Шавкат Мирзиёев бар асоси натоиҷи муқаддамотии интихоботи президентӣ пирӯзӣ ба даст овардааст. Кишвардори феълӣ 80,1 дарсади раъйи мардумро касб кард.
Маълумоти пешакиро роҳбари КМИ Ӯзбекистон Зайниддин Низомхоҷаев соати 16:00 эълон кард.
Дар ҳамин ҳол то эълони натоиҷи пешакии интихобот Шавкат Мирзиёевро аллакай кишвардорони се давлат табрик намуданд.
Натиҷаи овоздиҳӣ эълон нашудааст, аммо Путин аллакай Мирзиёевро бо пирӯзияш табрик кард
Аз ҷумла президенти Русия Владимир Путин бо Мирзиёев тамос гирифта, ӯро барои пирӯзии боварибахш дар интихоботи президентӣ табрик кард ва ҳамзамон унвонияш барқияи алоҳидаи шодбошӣ ирсол кард.
Ҳамчунин раисҷумҳурони Белорус Александр Лукашенко ва Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев ҳамтои ӯзбекашонро барои дигарбора интихоб шудан ба маснади президентӣ муборак гуфтанд.
Ёдовар мешавем, интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон рӯзи 24-уми октябр сурат гирифт ва барои курсии раёсатҷумҳурӣ панҷ номзад вориди рақобат шуданд, ки яке аз онҳо кишвардори феълӣ Шавкат Мирзиёев буд.