ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар даргирии миёни "Толибон"* ва аъзои собиқи гурӯҳи Мулло Маннон Ниёзӣ, ки аксарашон ба гурӯҳи "ДОИШ"* пайвастаанд, дастикам 17 нафар ба қатл расид.
Ин задухӯрд дар шаҳри Ҳирот сар зад ва боиси марги 7 кӯдаку се зан гардид, хабар медиҳад рӯзномаи "Ettelaat".
Ба гузориши ин манбаъ, тирпаронӣ рӯзи 24-уми октябр дар кӯчаҳои шаҳр дар нисфирӯзӣ оғоз шуда, тамоми рӯз идома кадааст.
Тайи он ба иловаи 17 қурбонӣ ҳамчунин чандин ғайринизомӣ шадидан захмӣ гардида, ба бемористонҳо интиқол дода шуданд.
Дар ҳамин ҳол сухангӯи "Толибон"* дар сафҳаи "Twitter"-и худ роҷеъ ба ин қазия навиштааст, ки аъзои ин гурӯҳ бо теъдоде аз одамрабоён вориди даргирӣ шуда ва се нафар аз "ҷинояткорон"-ро куштанд.
Зимнан аъзои "Толибон"* ҷасади чанд мухолифи кушташударо бо худ гирифта, дар Ҳирот давр заданд. Қаблан низ аъзои ин гурӯҳ ҷасади чанд одамраборо тавассути крани борбардор бардошта, дар кӯчаҳо намоиш дода буданд.
* -гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия