Оғози интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон: рақобати 5 номзад

Барои пирӯзӣ дар интихобот номзад бояд беш аз 50% -и овозҳоро ба даст орад. Ҳадди иштироки интихобкунандагон бояд 33% бошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Дар Ӯзбекистон интихоботи президенти давлат оғоз шуд.
Ҳавзаҳои интихоботӣ соати 08.00 боз шуданд ва то соати 20.00, ба вақти маҳаллӣ кор хоҳанд кард.

Номзадҳо

Ҳамаи панҷ ҳизби сиёсӣ, ки расман дар Ӯзбекистон фаъолият мекунанд, номзадҳояшонро пешбарӣ ва сабт кардаанд.
Яке аз номзадҳо президенти феълӣ Шавкат Мирзиёеви 64-сола мебошад, ки аз ҷониби Ҳизби либерал-демократӣ пешбарӣ шудааст.
Мирзиёев ҷонибдори густариши ҳамкориҳо бо шарикони асосии Ӯзбекистон: Русия, Чин, ИМА, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамгироӣ бо Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё мебошад.
Ду номзади дигар - раиси Ҳизби экологӣ Нарзулло Обломмуродови 46-сола ва муовини раиси Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон (ҲХДӮ), Мақсуда Варисоваи 60-сола ба идомаву рушди равобити иттифоқӣ ва стратегӣ бо Русия даъват мекунанд.
Расман: Шавкат Мирзиёев боз барои курсии президентӣ рақобат мекунад
Раҳбари Ҳизби "Адолат" Баҳром Абдуҳалимови 62-сола ба мушкилоти сиёсати дохилӣ: ислоҳот дар соҳаи маориф ва мушкилоти марбути дастрасии аҳолӣ ба манзил таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.
Номзад аз Ҳизби демократии "Милли Тикланиш", раиси он Алишер Қодирови 46-сола бо интиқодҳояш аз ҳамкориҳои Ӯзбекистон бо ИИАУ, инчунин барои ҳифзи анъанаҳои миллӣ дар ҷомеа маъруф аст.
Пешвои демократҳо аз ҷумла пешниҳод мекунад, ки барои беэҳтиромӣ ба расму оин ва арзишҳои миллӣ ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар карда шавад.
Тибқи иттилои маркази Комиссияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ба рӯйхати интихобкунандагон 19 миллиону 860 ҳазор нафар ворид карда шуда, 14 комиссияи ҳавзавии интихоботӣ ташкил гардидаасту 10 ҳазору 760 ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.
Беш аз 420 ҳазор шаҳрванде, ки дар рӯзи интихобот дар ҷои истиқомати худ нестанд, аз 14 то 20 октябр, пеш аз баргузории интихобот раъйи худро додаанд.