ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Низоми таъмини барқ дар Кобул пурра барқарор шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии ширкати "Breshna" хабар додааст.
Онҳо ёдовар шуданд, ки бар асари таркиши манораҳои интиқоли барқ дар ноҳияи Қалъаи Муродбеки пойтахти Афғонистон баъзе аз вилоёт бе барқ монданд..
Он замон сардори "Breshna" Ҳофиз Муҳаммадамин Форуқӣ ба ҷои ҳодиса рафт ва аз мақомоти кунунӣ, гурӯҳи "Толибон" * даъват кард, ки барои таъмини амнияти иншооти барқ талош кунад.
Сардори Ситоди кулли ҷангиён Қорӣ Фасеҳуддин Фитрати Бадахшонӣ гуфт, ки афроди масъули таркиш "пайдо ва аз байн бурда мешаванд".
Дар натиҷаи амалиёти вижае "Толибон"* се гумонбари тахрибкориро боздошт кард.
Ёдовар мешавем, ки Афғонистон ба далели напардохтани қарзи нерӯи барқи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба хатари қатъи нерӯи барқ аз тарафи ин кишварҳо мувоҷеҳ аст.
Қаблан ширкати энержии DABS -и ин ҷумҳурӣ ба Осиёи Марказӣ бо дархости қатъи интиқоли захираҳо ба кишвар муроҷиат карда буд.
Роҳбарият ваъда додааст, қарзро, ки тақрибан 62 миллион долларро ташкил медиҳад, пардохт мекунад. Барои ҳалли мушкилот DABS нақша дорад, амволи мансабдорони ҳукумати собиқи Афғонистонро фурӯшад.
* -созмони мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон