ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Тамринҳои густурдаи нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), ки дар Тоҷикистон ба анҷом расиданд, посухе ба ташаннуҷи вазъ дар Афғонистон аст, гуфт генерал Александр Лапин фармондеҳи Ҳавзаи марказии харбӣ (ЦВО).
“Тамринҳои густарда дар Тоҷикистон бо нерӯҳои дастаҷамъии СААД ҷавоби муҳкаме ба ташаннуҷи вазъ дар Афғонистон аст”, - гуфт Лапин дар маросими анҷомёбии машқҳо.
Ба гуфтаи ӯ, машқҳои гузаронидашуда барои ҳифзи кишварҳои узви СААД аз ҳар гуна таҳдидҳои террористӣ буд.
Ӯ кайд кард, тамринҳое, ки дар мавзеи Ҳарбмайдон гузаронида шуданд, истифодаи навтарин таҷҳизоти истихборотӣ, муборизаи радиоэлектронӣ, алоқа, таъминоти моддию техникӣ ва тиббиро фаро мегирифтанд.
Ҳамин тариқ ҳангоми машқи “Поиск-2021” низоми муассири идоракунии иктишофӣ ҷойгир карда шуд, ки "имкон дод, пешакӣ таҳдидҳои афзоянда ошкор ва дар нақшаи амалҳои созмонҳои мухарриб халал эҷод шавад."
Генерали рус қайд кард, ҳангоми машқҳо фазои ягонаи иттилоотии ҷангӣ таъсис дода шуд, ки он шикасти душманро дар шароити душворгузар таъмин намуд.
Бори аввал дар шароити биёбонию кӯҳӣ бо қувва ва воситаҳои ҳамлу нақл машқҳои махсуси "Эшелон-2021" гузаронида шуданд, ки дар рафти он аз 19 намуди таҷҳизоти махсус истифода шуд.
Ба гуфтаи фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомӣ, ин амалиёти муштараки нерӯҳо дар зимни машқҳои "Ҳамкории 2021" буд, ки дар он пирӯзӣ бар дастаҳои ҷангҷӯи ишғолгар тамрин шуд.
Дар кӯҳҳо нерӯҳои махсус ва гурӯҳи чархболҳо васеъ истифода шуданд.
"Таҷрибае, ки дар ҷараёни машқҳо ба даст омадааст, кафили боэътимоди иҷрои вазифаҳо дар вазъияти воқеии ҷангӣ буд", - хулоса кард Лапин.
Дар маҷмуъ дар машқҳои махсуси “Эшелон", "Ҷустуҷӯ" ва машқҳои муштараки КСОР-и Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ "Ҳамкорӣ-2021" 4000 низомӣ бо беш аз 500 адад дастгоҳи низомӣ иштирок карданд.