ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти БДА Тоҷикистон “Амонатбонк” дар нуҳ моҳи соли равон Раёсати бонк дар ҷаласаи ҷамъбастӣ қайд крд, ки дар зарфи нуҳ моҳи соли “Амонатбонк” беш аз 56 миллион сомонӣ даромади соф ба даст овардааст.
Раёсати бонк қайд кардааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,2 фоиз зиёд буда, нақшаи пешбинишуда пурра таъмин гардидааст.
Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур Сироҷиддин Икромӣ, раиси Раёсати Бонки “Амонатбонк” гуфт, ки сармояи “Амонатбонк” дар 9 моҳи соли равон ба 619,8 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,5 фоиз зиёд мебошад.
Инчунин Бонк дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар маҷмуъ 78,1 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳои ҳатмиро аз рӯи фаъолияти худ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ гузаронидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,4 фоиз зиёд аст.
Сироҷиддин Икромӣ бонк барои пурра ҷорӣ намудани амалиёти ғайринақдӣ чораҷӯӣ намуда, дар маҷмӯъ бо 7 888 корхонаву ташкилоти буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 162 адад зиёд мебошад.
Вай афзуд, ки имрӯзҳо шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба 1 миллиону 519 ҳазор нафар расидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 13,4 ҳазор нафар зиёд мебошад.