ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Фавзия Кӯфӣ, Ноҳид Фарид, Асила Вардак ва Аниса Шаҳид бо ҳузур дар Созмони Милал аз ин созмон хостанд, то курсии Афғонистон ба “Толибон”* дода нашавад.
"Созмони Милали Муттаҳид бояд курсии Афғонистонро ба шахсе диҳад, ки ба ҳуқуқи ҳама эҳтиром дошта бошад", - гуфт Фавзия Кӯфӣ, раҳбари Ҳизби мавҷу таҳаввул.
"Мо дар ин бора бисёр гуфтугӯ кардем, аммо нагузоред, ки касе ба ин курсӣ нишинад", - гуфт хонум Кӯфӣ ба хабарнигорон.
Вай афзуд, ки кумак, пул ва эътироф ҳама абзорҳои таъсирбахше ҳастанд, ки ҷаҳон бояд барои эҳтироми ҳуқуқи занон ва эҳтироми ҳуқуқи башар дар Афғонистон истифода кунад.
Ноҳид Фарид, узви собиқи Маҷлиси намояндагон гуфт: "Вақте “Толибон”* ба сари қудрат омад, ваъда дод, ки ба занон иҷозаи кор ва таҳсил медиҳад, аммо он ба ваъдаи худ то ҳол вафо накардааст".
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон