ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Дар Ставропол аз ҳамлаи террористӣ, ки аз ҷониби як пайрави ДИИШ* омода мешуд, пешгирӣ карда шуд, хабар медиҳад маркази равобити ҷамъиятии ФСБ Русия.
"Хадамоти Федералии Амнияти Федератсияи Русия аз кӯшиши як ҷонибдори созмони террористии "Давлати исломӣ"* барои роҳандозии амали террористӣ пешгирӣ кард", - омадааст дар хабар.
Ин мард нақшаи тарконидани як бомбаи худсохтро доштааст.
Ҳангоми кофтуков дар маҳалли зисти боздоштшуда аз ӯ маводи тарканда ва лавозимоти ҷангӣ гирифта шудааст.
ФСБ мегӯяд, террорист қасд доштааст, дар сохторҳои марбут ба ҳамлу нақли Ставропол бо истифода аз маводи таркандаи худсохт таркиш ташкил намояд.
Аз рӯи ин далел корҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ ва амалҳои тафтишотӣ идома доранд.
Дар ин росто мақомоти тафтишотии Русия тибқи моддаҳои марбут ба омодагӣ ба амали террористӣ ва истеҳсоли ғайриқонунии мавод ё дастгоҳҳои тарканда парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ду соли охир дар Русия аз ҳудуди 80 ҳамлаи террористӣ пешгирӣ шудааст.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе аз дигар кишварҳо