Инфиҷори пояи барқ: Кобул ва чанд минтақаи Афғонистон ба торикӣ фурӯ рафтанд

Хатти барқи воридотӣ дар минтақаи Муродбеки шаҳри Кобул мунфаҷир ва тахриб шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 окт - Sputnik. Ширкати "Брешно" хабар додааст, ки хатти интиқоли барқи 220 кВт дар Қалъаи Муродбеки Кобул дар натиҷаи як инфиҷор қатъ шудааст.
Ба гуфтаи ин ширкат, инфиҷор боиси он шудааст, ки интиқоли барқ ​​ба Кобул ва дигар вилоятҳо қатъ гардад.
Ширкати "Брешно" дар як изҳороти худ эълон доштааст, ки кормандони техникии ширкат дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодиса қарор доранд ва пас аз беҳтар шудани вазъ дар ин минтақа ба раванди таъмир ва пайваст кардани хат оғоз хоҳанд кард.
Манбаъ: Ширкати “Брешно” аз СММ дархости кумак кард
Ёдрас менамоем, ки то омадани гурӯҳи “Толибон” (мамнуъ дар Русия) бар сари қудрат ҷангҷӯёни он чандин бор бар пояҳои хатти воридотии барқ инфиҷор анҷом дода буданд.
Ҳамзамон бояд қайд кард, ки ахиран ширкати “Брешно”-и Афғонистон дар бораи қарзи ин ширкат барои истифодаи барқ дар назди кишварҳои ҳамсоя иттилоъ дода буд.