Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Оё Ӯзбекистон парвозҳо бо Афғонистонро аз сар мегирад?

Масъалаи дувуми рӯзнома кумакҳои башардӯстона аст, ки мақомоти Ӯзбекистон қасд доранд, ба мардуми Афғонистон фиристанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон ҳанӯз масъалаи барқарор кардани парвозҳо бо ҳукумати муваққатии Афғонистонро баррасӣ накардаанд.
Дар ин бора муовини аввали вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии ин кишвар Лазиз Қудратов ба РИА "Новости" хабар дод.
"Не, ҳанӯз масъалаи барқарор кардани парвозҳо дар рӯзнома нест", - гуфт ӯ.
Ёдрс мешавем, ки 16 октябр ҳайати Тошканду ва Кобул дар Тирмиз гуфтушунид доштанд. Ҷонибҳо дар бораи бархе аз масъалаҳои иқтисодӣ ба мувофиқа расиданд. Татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтор, аз ҷумла сохтмони хатти барқии Сурхон - Пули Хумрӣ ва сохтмони роҳи оҳани Тирмиз - Мазори Шариф - Кобул - Пешовар мувофиқа шуд.
Тошканду "Толибон"* дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тирмиз - Пешовар ба мувофиқа расиданд
Ҳайати Афғонистонро муовини сарвазири "Толибон"* Абдусалом Ҳанафӣ, ҳайати Ӯзбекистонро муовини сарвазир, вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ Сардор Умурзоқов раҳбарӣ карданд. Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин Қудратов низ ширкат дошт.
Ӯ мушаххасан гуфт, ки дар ҷараёни мулоқот ҷониби Афғонистон барои идомаи татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳан изҳори омодагӣ кард.
"Дар бораи замони иҷрои ин лоиҳа сухан гуфтан барвақт аст, ҳама чиз аз оғози маблағгузории он вобаста аст", - афзуд Қудратов.
Қаблан президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор дошт, ки оғози сохтмони долони роҳи оҳани Мазори Шариф - Кобул - Пешовар бо эътирофи байналмилалии мақомоти нави Афғонистон ва ифтитоҳи маблағгузории байналмилалӣ алоқаманд аст.
Дар ҳамин ҳол ин ягона мавзуи музокироти Ӯзбекистону Афғонистон нест. Тошканд мунтазири пешниҳоди мушаххас аз Кобул дар бораи ҳаҷми кумак ба аҳолии Афғонистон аст. Сухан дар бораи хӯрокворӣ, маводи ниёзи аввал ва либос меравад.
Созиши "Толибон"* ва Ӯзбекистон барои ташкили гуруҳҳои муштараки корӣ
Ба гуфти вай, дар моҳҳои январ-август ҳаҷми табодули мол миёни Ӯзбекистон ва Афғонистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта "мусбат" боқӣ мондааст.
"Моҳҳои сентябр-октябр эҳтимол коҳиш ёбад, мо бояд омори ниҳоиро интизор шавем",-афзуд Қудратов.
Пештар намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Юсуф Кобулҷонов гуфта буд, ки мақомоти Ӯзбекистон 14 сентябр 1,3 ҳазор тонна бори башардӯстона, иборат аз ғизо, дору ва либос ба Афғонистон фиристодаанд.

Ғасби Афғонистон аз ҷониби "Толибон"*

Миёнаҳои моҳи август ҷангиёни "Толибон"* вориди пойтахт, шаҳри Кобул шуданд ва қасри президентро ишғол карданд ва қудратро ба даст гирифтанд.
Шаби 31 август сарбозони амрикоӣ билохира фурудгоҳи Кобулро тарк карданд ва ба маъракаи тақрибан 20-солаи Амрико дар Афғонистон хотима бахшиданд.
Ҷангҷӯён ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистонро эълон карданд. Ба ин ҳукумат Муҳаммад Ҳасан Охунд раҳбарӣ мекунад, ки дар замони нахустин ҳокимияти "Толибон"* ӯ вазири корҳои хориҷӣ буд. Ногуфта намонад, ки Охунд таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
* - созмони террористии мамнуъ дар Русия, Тоҷикистон ва баъзе аз кишварҳои дигар