ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Тоҷикистон ва Чин вазъи интиқоли бор тавассути гузаргоҳҳои марзии ду кишварро баррасӣ карданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим, кордори сафорати Чин дар Душанбе Чэн Дэйвэнро ба ҳузур пазируфт.
"Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд", - омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ.
Қаблан роҳҳои афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ аз Чин ба Тоҷикистон дар ҷаласаи гурӯҳи байниидоравӣ баррасӣ шуда буд. Сипас намояндагони ду кишвар аз гузаргоҳи Қулма дар марзи Тоҷикистону Чин дидан карданд.
Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ба хотири ҷилавгирӣ аз ҷамъ шудани миқдори зиёди мошинҳо дар гузаргоҳҳо ба ҶСП "Тоҷиквнештранс" супориш диҳанд, ки имкони харидани кранҳои магнитӣ ва насб кардани онро дар гузаргоҳи Қулмаро баррасӣ кунад.
Инчунин ба зарурати риояи талаботи тасдиқшудаи ҳаҷм ва андозаи мошинҳои боркаш ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ таъкид карданд.
Ҳамин тариқ, тасмим гирифта шуд, тибқи ҷадвали мувофиқашуда, ҷониби Чин контейнерҳои холии безарарнашударо қабул накунад.
Вазорати тандурустӣ дар ҳамкорӣ бо Агентии амнияти озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон бояд ҳарчи зудтар сохтмони нуқтаи безараргардонии мошинҳо ва контейнерҳоро дар гузаргоҳ таъмин намояд.