ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар Маскав нишасти навбатии марбут ба Афғонистон бо ширкати "Толибон"* баргузор мешавад. Дар ин нишаст дар рӯзи 20-уми октябр Ӯзбекистонро Исматулло Иргашев, мақоми махсуси ин кишвар дар умури Афғонистон намояндагӣ мекунад.
Дар ин бора ба Sputnik сухангӯи ВУХ Ӯзбекистон Юсуп Кобулҷонов хабар дод.
Қарор аст, дар ин чорабинӣ намояндагони 10 кишвари минтақа ва ҳамчунин ҳайати баландпояе аз "Толибон"*, ки қудрат дар Афғонистонро ғасб кардааст, ширкат кунанд.
Гуфта мешавад, дар ин нишаст дурнамои рушди вазъи низомӣ-сиёсии Афғонистон ва ташкили ҳукумати фарогир баррасӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин масъалаи кумаки башардӯстона ба мардуми Афғонистон низ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор хоҳад гирифт.
*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия