ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. "Толибон"* барои таъмини амният дар маркази вилояти Балх, шаҳри Мазори Шариф як воҳиди махсус таъсис доданд, хабар медиҳад "Tolo News" бо истинод ба нерӯҳои амниятии маҳаллӣ.
Вилояти Балх дар шимоли Афғонистон ҷойгир аст ва бо Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамсарҳад мебошад.
Шаҳри Мазори Шариф, ки тибқи баъзе манбаъҳо, тақрибан 500 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, як маркази муҳими тиҷорӣ ба ҳисоб меравад.
Нерӯи махсусе, ки ҳоло бояд алайҳи ҷурму ҷиноят дар он ҷо муқобила кунад, "Лашкари Мансурӣ" гуфта мешавад.
Вазъият дар Афғонистон моҳи июн, бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Дар миёнаҳои моҳи август, дар пасманзари хуруҷи НАТО ва низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон, "Толибон"* ҳамаи шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол кард.
Ҳамзамон, ҷангиён кафолат доданд, ки онҳо нияти ҳамла ба давлатҳои ҳамсоя, бахусус ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказиро надоранд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 20 октябр дар Маскав музокироти навбатӣ бо намояндагони "Толибон"* баргузор мешавад, ки дар он вазъи феълии ин кишвар ва таъсиси ҳукумати фарогир мавриди баррасии ҷонибҳо қарор хоҳад гирифт.
Қаблан Вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров изҳор дошт, ки онҳо "Толибон"*-ро ба ташкили ҳукумати фарогир ташвиқ мекунанд.
* -гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия