ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар пойтахти Афғонистон таркиши мудҳиш рух дод, хабар медиҳад шабакаи телевизионии "1-Ти-ви" бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ.
Маълум шуд, ҳодиса дар минтақаи Деҳмазанги Кобул, дар маконе рух додааст, ки бинои ситоди пулиси сарҳадӣ он ҷо мустақар аст.
Гуфта мешавад, ки фарди номаълуме ба мошини "Толибон"* норинҷак партоб кардааст.
Сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон Қорӣ Саид Хустӣ ин ҳодисаро тасдиқ кард ва изҳор дошт, ки бар асари ҳодисаи мазур ду нафар ҷон бохта, шаш тани дигар захмӣ шуд. Миёни онҳо кӯдакон низ буданд, ки мактаб мерафтанд.
Вазъ дар Афғонистон моҳи июн, бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ вахим шуд. Дар миёнаи моҳи август, пас аз хуруҷи НАТО ва низомиёни Амрико аз Афғонистон "Толибон"* дар ин кишвар ба қудрат расид.