ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар маросими ифтитоҳи даври навбатии машваратҳо дар бораи Афғонистон суханронӣ карда, дар мавриди музокироти кӯтоҳ бо ҳайати "Толибон"* сухан ронд .
Лавров қайд кард, ки вазифаи расидан ба сулҳи пойдор дар Афғонистон ҳоло ҳам таъхирнопазир аст.
"Мо кафолати ҳалли муваффақонаи онро пеш аз ҳама дар ташкили ҳукумати воқеан фарогир мебинем, ки бояд манфиатҳои на танҳо қувваҳои этникӣ, балки сиёсии кишварро пурра инъикос кунад", - гуфт дипломат.
Вазир бо ишора ба вазъи хароб дар Афғонистонро гуфт, масъалаи риояи ҳуқуқу озодиҳои асосии шаҳрвандон пеш аз ифтитоҳи нишаст бо ҳайати "Толибон" муфассал баррасӣ шудааст.
Лавров ҳамчунин қайд кард, ки ҳукумати нави Афғонистон дар ояндаи наздик алтернатива надорад, аммо аллакай мушкилоти зиёде дорад, ки бояд фавран ҳал шаванд.
*- гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия