Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Намояндаи нави ИМА дар Афғонистон мехоҳад аз Русия боздид кунад

Фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистон пас аз таъйин шудан нахуст ба ҳамтои русаш занг зад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Намояндаи махсуси нави ИМА дар Афғонистон Томас Уэст хоҳиши беҳбуди равобит бо Маскавро кард. Дар ин бора вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Вай инчунин нақл кард, ки дипломати амрикоӣ аллакай бо намояндаи махсуси президенти Русия дар Афғонистон, мудири шуъбаи Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Русия Замир Кобулов телефонӣ гуфтугӯ кардааст.

"Вай гуфт, ки бешак, мехоҳад тамос гирад ва ба Федератсияи Русия биёяд. Мо аз дидани ӯ шод хоҳем шуд", - афзуд Лавров.

Ёдовар мешавем, ки шоми 18 октябр котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен эълон кард, Залмай Халилзод аз мақоми фиристодаи вижаи ин кишвар дар Афғонистон канор меравад.
Сиёсатшинос: Истеъфои Залмай Халилзод эътирофи нокомии ИМА дар Афғонистон аст
Ин вазифа ба Томас Уэст, ки ба ҳайси муовини ӯ кор мекард, дода шуд.
Панҷшер Залмай Халилзодро ба хиёнат муттаҳам кард
Баъдтар Халилзод гуфт, ин тасмимро аз он сабаб гирифтааст, ки онро як лаҳзаи мувофиқе меҳисобад, то Вашингтон марҳилаи нави сиёсати худро нисбати Кобул оғоз кунад.