Чин барои сохтмони роҳ дар шарқи Тоҷикистон пул медиҳад

Ҷумҳурии Мардумии Чин барои омодасозии асосҳои техникӣ-иқтисодии сохтмони роҳи Душанбе - Қулма тақрибан 125 миллион доллар ҷудо мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Пекин ба Душанбе барои омода кардани умури техникӣ ва иқтисодии қитъаи Қалъаи - Хумб - Ванҷи шоҳроҳи Душанбе - Қулма ба Тоҷикистон кумаки бебозгашти молӣ хоҳад кард, хабар медиҳад, хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумон.
Вакилони Маҷлиси намояндагон аллакай масъалаи тасвиби Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин дар бораи расонидани кумаки бебозгаштро, ки моҳи июли соли равон ба имзо расидааст, баррасӣ кардаанд.
Ин созишнома расонидани кумак ба Тоҷикистонро дар ҳаҷми 800 миллион юан (тақрибан 125 миллион доллар) пешбинӣ мекунад.
Нигаронии Раҳимзода аз камбудиҳои кори камераҳои назоратӣ дар Душанбе
Ин маблағ барои сафарбар кардани коршиносони чинӣ дар ҷиҳати омода кардани лоиҳаи асосноккунии техникӣ-иқтисодии қитъаи дар боло зикргардидаи роҳ масраф мешавад.
Тӯли ин қитъаи роҳи Қалъаи Хумб - Ванҷ 80 километр аст. Маълум аст, ки дар таъмиру бунёди роҳ сохтмони ду нақб ба масофаи 5,2 километр, зиёда аз 60 обпарто, боз панҷ долони муҳофизатӣ, 15 пул ба дарозои зиёда аз 600 метр пешбинӣ шудааст.
Илова бар ин дар масофаи 54 километр деворҳои муҳофизатӣ қомат рост мекунанд.
Ҳамин тариқ, тибқи ҳисобҳои пешакии Вазорати нақлиёт, барои амалисозии лоиҳаи азнавсозии қитъаи роҳи Душанбе - Қулма тақрибан 228 миллион доллар лозим аст.