ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Хабари ҷанги дастаҷамъӣ дар Коптеворо кормандони пулиси шаҳри Маскав рад намуданд. Ба таъкиди ниҳоди марбута, занозанӣ танҳо миёни ду муҳоҷир сар зад, ки дар натиҷа яке аз онҳо ба бемористон интиқол ёфт.
Такзиби ин хабар дар ҳолест, ки қаблан расонаҳо аз задухӯрди навбатии муҳоҷирон дар шаҳри Маскав хабар дода буданд.
Расонаҳо навиштаанд, ки чанде пеш дар қисмати шимоли Маскав муҳоҷирони меҳнатӣ пас аз истеъмоли машруботи зиёд ҷанги дастҷамъӣ намуданд, ки дар натиҷа кормандони пулис дастикам 23 нафарро боздошт карданд.
"Шаби якшанбе ба душанбе, дар суроғаи хатти 3-юми Михалковский, дар бораи муноқиша хабар расид. Кормандони полис, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, муайян намуданд, ки муноқиша миёни ду нафар сар задааст, ки яке дигариро аз қисмати пой захмӣ намудааст", - гуфта мешавад дар хабари идораи давлатии умури дохилӣ дар шаҳри Маскав.
Зикр гардид, ки муҳоҷири захмӣ ба бемористон интиқол ёфту ҳамлагар ба идораи пулис.
Қаблан ВУД Русия хабар дод, ки муҷозоти муҳоҷиронро барои задухӯрди гурӯҳӣ пурзӯр мекунад.