Ҳифзи марзу хунсо кардани душман: Оғози машқҳои низомӣ дар Тоҷикистон

Дар ҷараёни машқҳои низомиёни кишварҳои узви СААД таҷрибаи дар Сурия ва Қарабоғи Кӯҳӣ андӯхтаашонро истифода ва ҳамчунин аз таҷҳизоти пешрафта истифода хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Машқҳои низомии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) "Ҳамкорӣ", "Ҷустуҷӯ" ва "Эшелон" дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон оғоз шуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти машқҳо хабар доданд.
Дар омӯзиш чаҳор ҳазор низомӣ ва беш аз 500 адад таҷҳизот ҷалб шудаанд. Дар байни онҳо мошинҳои зиреҳпӯши "Паланг", ҳавопаймои ҳамлагари Су-25 ва дигар моделҳои муосир қарор доранд.
СААД аз машқҳои нави низомӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон хабар дод
Дар полигонҳои Момирак ва Ҳарбмайдон, сарбозон дар сурати ҳамлаи террористӣ ва маҳаллисозии ҷангҳоро меомӯзанд. Низомиён таҷрибаи дар давоми муноқишаҳо дар Сурия ва Қарабоғи Кӯҳӣ андӯхтаашонро истифода хоҳанд кард.
Ба гуфтаи сардори ситоди муштараки СААД Анатолий Сидоров, нақшаи машқҳо бадтарин сенарияи рушди рӯйдодҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро дар назар дорад.
"Паланг"-ҳои зиреҳпӯши Русияро барои тамринҳои СААД ба Тоҷикистон оварданд
Машқҳои низомӣ аз 18 то 23 октябр идома меёбад ва дар кори он низомиёни Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Белорус ва дигар кишварҳои узви СААД иштирок хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки ин аввалин машқҳои низомӣ дар Тоҷикистон дар пасманзари вазъи ноороми афғонистон набуда, моҳи август дар размоишгоҳи Ҳарбмайдон низомиёни Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон машқҳои низомӣ доир карданд.