ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Тими "Истиқлол" дар даври чорякниҳоӣ дастаи "Файзканд" - ро голборон карда, ба даври ниманиҳоӣ баромад.
Манбаъ гуфт, зӯрозмоии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва тими “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 5:0 ба фоидаи тими пойтахт анҷом ёфт.
Тавзеҳ дода шудааст, ки голҳоро Салам Ашурмамадов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Шервонӣ Мабатшоев ба дарвозаи рақиб ворид намуданд. Манбаъ афзуд, ки як голи дигарро футболбозони "Файзканд" ба дарвозаи худашон заданд.
Дар даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон дастаи "Истиқлол" бо тими “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд вориди майдон мешаванд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон илова намуд, ки бозии дигари ин давр миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хуҷанд” доир мегардад.
Зӯрозмоиҳои аввали даври нимфинал рӯзҳои 6-7 ноябр ва бозиҳои ҷавобӣ 27-28 ноябр дар назаранд.