ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. "Толибон"* бо нашри як иттилоия гуфт, гуруҳҳои корӣ масоили мубрами бахшҳои гуногунро баррасӣ карда, барои иқдоми минбаъда ба роҳбарони давлатҳо тавсияҳо пешниҳод мекунанд, навиштааст Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, вазифаи аввалиндараҷа барои 10 рӯзи оянда, таҳияи дастурамали ботафсили таҳкими ҳамкориҳо муқаррар шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран ҳайати "Толибон"* таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи муовини сардори ҳукумати муваққатии Афғонистон Абдуссалом Ҳанафӣ, барои ширкат дар музокирот бо ҳайати Ӯзбекистон ба Тирмиз омад.
Тарафҳо дар бораи ин мулоқот рӯзи 7 октябр дар ҷараёни сафари вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ба Кобул мувофиқа карда буданд.
Ҷониби Ӯзбекистонро дар ин гуфтушунидҳо муовини сарвазир, вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии ҷумҳурӣ Сардор Умурзоқов роҳбарӣ мекунад.
Таъкид шудааст, ки аз мавзуъҳои меҳварӣ ҳамкории иқтисодию гуманитарӣ мебошанд, аммо то ҳол аз тавофуқҳои мушаххас иттилое ироа нашудааст.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар