ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар Русия шароит барои муҳоҷирони корӣ бояд беҳтар шавад, изҳор доштааст Сергей Катирин, раиси Палатаи савдо ва саноати ин кишвар дар мусоҳиба бо "Российская газета".
Ба гуфтаи ӯ, дар Русия ҳамоно норасоии қувваи корӣ мавҷуд аст. Алалхусус дар хоҷагии қишлоқ, сохтмонҳо ва дигар соҳаҳо муҳоҷирони корӣ намерасанд.
Ба боварии ӯ, дар баробари ҷалбу омӯзондани муҳоҷирон Русия бояд бо онҳо ҳарчи бештар кор кунад. Вай гуфт, маҳз маоши ночиз назари муҳоҷиронро аз Русия дур кардааст ва онҳо бештар кишварҳои Аврупоро интихоб мекунанд.
"Агар мо хоҳем, ки барои муҳоҷирон ҷолиб бошем, бояд барои зиндагӣ, саломатии онҳо шароит фароҳам ва маоши арзанда пардохт кунем",- таъкид намуд Катирин.
Ин коршинос ишора кард, ки дар сурати фароҳам овардани шароити муайян муҳоҷирон бештар Русияро интихоб хоҳанд кард.
Номбурда аз ташкил ёфтани Маркази ҷалби муҳоҷирон дар Ӯзбекистон истиқбол намуда, изҳор дошт, ки дар чунин марказ беҳтарин коргарҳоро ҷамъ меоранд, дониши онҳоро месанҷанд ва ҳамзамон аз муоинаи тиббӣ мегузаронанд.
Аз ин рӯ, ӯ даъват намуд, ки дар дигар кишварҳо низ бояд чунин марказҳо таъсис дода шаванд.