Нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон гарон мешавад

Интизор меравад, дар Тоҷикистон арзиши сӯзишворӣ боз гарон шавад, аммо камчин шудани он пешгӯӣ намешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон эҳтимол нархи бензин дар охири моҳи октябр ва авоили моҳи ноябр боло равад.
Дар ин бора намояндаи ширкати "Газпромнефт - Тоҷикистон" ба агентии "Ховар" иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин ба далели болоравии нархи сӯзишворӣ дар кишварҳои содиркунанда, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва чанд давлати дигар сурат хоҳад гирифт.

"Арзиши як литр бензини АИ-95 метавонад ба 11,10 сомонӣ (0,98 доллар), АИ-92-10,90 сомонӣ (0,96 доллар) ва сӯзишвории дизелӣ 10,50 сомонӣ (0,93 доллар) расад", - гуфт намояндаи ширкати "Газпромнефт".

Буҳрони энержӣ дар Аврупо ба интиқоли бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон таъсир нарасонд. Ба гуфтаи як манбаъ дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, дар истгоҳҳо камбуди сӯзишворӣ вуҷуд надорад.
Дар баробари ин коҳиши нархи чаканаи гази моеъ ва болоравии нархи чаканаи бензин ва сӯзишвории дизелӣ мушоҳида мешавад.
Дар Суғд қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ дубора афзоиш ёфт
Гуфта мешавад, мутахассисони Хадамоти зиддиинҳисорӣ назорати бозори маҳсулоти нафтиро идома медиҳанд ва дар сурати беасос боло рафтани нарх чораҳо меандешанд. Ба эҳтимоли зиёд камбуди сӯзишворӣ ба Тоҷикистон таҳдид намекунад.
Охири моҳи сентябр намояндагони ҷумҳурӣ бо кормандони ширкати "Ӯзбекнефтегаз" таъмини маводи сӯхтро баррасӣ карданд. Ин созмон аз вуҷуди имкони интиқоли то 50-55 ҳазор тонна гази моеъ дар як сол ба Тоҷикистон хабар дод.