ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Намояндаи махсуси Қосим Жомарт Тоқаев барои баррасии кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон вориди шаҳри Кобул шуд.
Бинобар хабари Вазорати умури хориҷии ин кишвар, Эржан Қозихон 17 октябр дар раъси як ҳайати расмӣ вориди Афғонистон шуд. Манбаъ меафзояд, дар ҷараёни ин сафар масоили марбут ба кумакҳои башардӯстонаи Қазоқистон ба мардуми Афғонистон ва ҳамчунин равобити тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ мешавад.
Вазорат мегӯяд, Қазоқистон мехоҳад бо Созмони Милал барои густариши минбаъдаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон ҳамкорӣ кунад.
Иёлоти Муттаҳида, ки соли 2001 барои мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм вориди Афғонистон шуд, билохира пас аз 20 соли ҳузур дар Афғонистон, 31 август аз ин кишвар хориҷ шуд.
Рӯзи 31-уми август Фармондеҳии марказии ИМА дар бораи анҷоми раванди ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ ва анҷоми миссияи низомӣ дар Афғонистон хабар дод.