ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Даргирӣ миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва нерӯҳои "Толибон"* рӯзи 16 октябр рух додаанд, навиштааст Sputnik Афғонистон.
Манбаъ афзуд, ки феълан "Толибон"* дар ноҳияи Оноба хона ба хона гашта, бархе аз ҷавонҳоро ҳабс карда, бо худ бурдаанд.
Бархе дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, дар ин даргирӣ Абдулҳамид Хуросонӣ, сардори пулиси "Толибон"* дар минтақа маҷруҳ шудааст, аммо манобеи Sputnik Афғонистон маҷруҳ шудани Хуросониро рад кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран хабар дода шуд, дар пайи ҳамлаи "Толибон"* ба Андаробҳои вилояти Бағлон ду фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимат ва як фармондеҳи "Толибон"* ба ҳалокат расидаанд
Ин ҳамла аз сӯи нерӯҳои вижаи "Толибон"* дар саросари куҳистоноти Андаробҳо роҳандозӣ шуд, ки ду сарбози Ҷабҳаи муқовимат ва 8 толиби дигарро низ кушта ба ҷой гузоштааст.
Масъули матбуотии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки фармондеҳон Яъқуб Алихон аз дараи Қосон ва Имоми Нурзод аз дараи Навбаҳор дар ҷангҳо бо "Толибон"*дар вулусволии Деҳсалоҳи Бағлон ба шаҳодат расиданд.
"Як тан аз фармондеҳони толиб ба номи Мулло Зоҳир низ дар набардҳои шаҳристони Пули Ҳисор кушта шуд”, - гуфт манбаъ.
Минтақаи Андаробҳо – вулусволиҳои Деҳсалоҳ, Пули Ҳисорак ва Бану аз охири моҳи август ба ин сӯ ба як маҳалли ҷангҳои шадид миёни Ҷабҳаи муқовимат ва "Толибон"* табдил ёфтааст.
Ҳоло Ҷабҳаи муқовимат дар нуқтаҳои саъбулубури куҳҳо ва "Толибон"* дар марказу деҳаҳои поёнӣ мавқеият доранд. Ин минтақа бо дараи Панҷшер ҳаммарз буда, яке аз пойгоҳҳои муқовимат ба шумор меояд.
* гуруҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия