ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ӯзбекистон ҳамлаи террористиро, ки як рӯз пеш дар яке аз масоҷиди шиаҳои вилояти Қандаҳор рух дод, бо қатъият маҳкум кард.
"Чунин ҳамлаҳои ғайриинсонӣ боиси авҷ гирифтани танишҳо мешаванд ва ба истиқрори сулҳи дарозмуддат дар Афғонистон халал мерасонанд",-омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.
Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ аз талошҳои мақомоти Афғонистон, ки ба татбиқи чораҳои иловагӣ - иқдомоте дар ҷиҳати пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳо марбутанд, пуштибонӣ кардааст.
Ҳукумати Ӯзбекистон ба аҳли оила ва наздикони қурбониён ҳамдардии самимӣ баён мекунад ва ҳамчунин ба қурбониён шифои оҷил мехоҳад, омадааст дар хабар.
Таркиши муҳиб як рӯз пеш дар як масҷиди шиаҳо дар вилояти Қандаҳори Афғонистон рух дод.
Ба гуфти манобеи маҳаллӣ, ин ҳамла аз сӯйи се маргталаб анҷом шудааст ва як нафари дигар дар наздикии бинои як муассисаи динӣ оташ кушодааст.
Теъдоди қурбониёни фоҷиа ба 63 нафар расид ва дастикам 83 нафар маҷруҳ шуд.
Бино ба гузоришҳои расонаҳо, гурӯҳи ДИИШ* масъулияти таркишро бар дӯш гирифтааст.
Ҳафтае пеш дар шимоли Афғонистон, дар Кундуз ҳангоми намози ҷумъа масҷиде тарконда шуд. Дар пайи он инфиҷори мудҳиш 120 кас ҳалок ва беш аз 150 тан захмӣ шуданд.
Вазъ дар Афғонистон моҳи июн, баробари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ вахим шуд. Дар миёнаҳои моҳи август, дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон "Толибон"* тамоми шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол кард.
Ҳамзамон ҷангҷӯён кафолат доданд, ки нияти ҳамла ба давлатҳои ҳамсоя, бахусус ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказиро надоранд.
Пас аз он дар Афғонистон ҳукумати давраи гузариш таъсис ёфт, ки онро вазири собиқи умури дохилӣ Аҳмад Ҷалолӣ раҳбарӣ кард.
* - созмони террористии дар Тоҷикистон, Русия ва баъзе аз кишварҳои дигари ҷаҳон мамнуъ