ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар як ҳамоиши бузург костюми рангаи адрас ба бар кард.
Зимни муколамаи боз дар мавзуи "Занон дар ВАО: Ҳамкории муассир дар фазои иттилоотӣ" дар Ҳамоиши сеюми занони Уруосиё дар Санкт-Петербург Захарова бо болопӯшаш бисёр диққатҷалбкунанда ба назар мерасид.
Ӯ барои ин вохӯрӣ болопӯши шарқӣ, ки аз адрас омода шудааст, ба бар карда буд. Гузашта аз ин костюм бо як услуби хеле оддӣ дӯхта шуда ва мувофиқ ба мақоми ӯ - шабеҳи либоси расмӣ аст.
Дар баробари интихоби ин навъи матоъ бо ранги суратӣ ва бунафш гардани Захароваро як гарданбанди калони нуқрагин бо сангҳои бунафш оро медиҳад.
Бояд гуфт, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия қаблан изҳор дошт, ки вай ҳамеша намуди зоҳирии худро бе кумаки стилистҳо, худ интихоб мекунад.
Захарова нисбат ба брендҳои гаронарзиш либосҳои арзон ва босифатро афзалтар медонад, ки ҳар як зан битавонад ба осонӣ аз мағозаҳои машҳури интернетӣ барои худ фармоиш диҳад.