Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Дур аз Ватан: Чӣ қадар афғонистонӣ аз "Толибон"* фирор кард

СААД бар ин назар аст, ки афғонистониҳо бо ду сабаб - таъқиби ақаллиятҳои қавмӣ ва таҳдидҳои террористӣ кишварро тарк мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Зиёда аз се миллион шаҳрванди Афғонистон пас аз ишғоли қудрат дар ин ҷумҳурӣ аз ҷониби "Толибон"* ба Покистон ва Эрон фирор кардаанд.
Сардори ситоди муштараки СААД Анатолий Сидоров зимни брифинге гуфт, ки ин рақам тақрибан даҳ фоизи шумораи умумии аҳолии ин кишварро ташкил медиҳад.
Ӯ қайд кард, ки ним миллион нафар дар дохил муҳоҷир шудаанд. Ҳазорҳои дигар, ки бо Иёлоти Муттаҳида ҳамкорӣ мекарданд, ба Вашингтон рафтанд.
Сидоров гуфт, мушкилоти муҳоҷирони афғонистонӣ дар моҳи сентябр, замоне ки "Толибон"* ба таври оммавӣ ба хориҷ кардани шиаҳо шуруъ кард, аҳамияти махсус пайдо кард.
Ҳазорон афғонистонӣ мехоҳанд вориди Тоҷикистон шаванд: изҳороти Ятимов - видео
Хуруҷи паноҳандагон ба Осиёи Марказӣ аз сабаби ҷойивазкунии ақаллиятҳои қавмӣ ва афзоиши таҳдидҳои террористӣ ба вуҷуд омадааст.
Илова бар ин намояндаи СПАД ишора кард, ки вазъи сангини башарӣ дар ин кишвар боиси нигаронии махсуси ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст.

"Ба гуфтаи коршиносони СММ, тирамоҳи соли равон Афғонистонро гуруснагии оммавӣ таҳдид мекунад", - таъкид кард Сидоров.

Сабаби ин 80 фоиз кам кардани таъминоти нуриҳои минералӣ ва 40 фоиз кам шудани ҳосил аст. Инчунин вазъи иқтисод, ки ба дастгирии молии дигар давлатҳо вобаста аст, бадтар мешавад. Дар айни замон роҳи қисми зиёде аз кумакҳо баста ва ҳисоби Ҳукумати Афғонистон дар хориҷ масдуд аст.
* - созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон