Номзад ба мақоми президенти Ӯзбекистон хостори роҳандозии андози нав барои муҳоҷирон шуд

Номзад ба мансаби президентии Ӯзбекистон мегӯяд, ки кор дар хориҷ бояд ба давлат фоида орад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Муҳоҷирони меҳнатӣ бояд андоз аз даромад супоранд. Ин пешниҳодро номзад ба мақоми президенти Ӯзбекистон ва раиси Ҳизби демократии "Эҳёи миллӣ" Алишер Қодиров матраҳ кардааст.
Сиёсатмадор суол гузоштааст, чаро шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар хориҷ кор мекунанд, аз даромади худ андоз намесупоранд?

"Бигзор пуле, ки муҳоҷирон кор мекунанд ва ба ватан мефиристанд, на танҳо ба оилаи онҳо, балки ба рушди кишвар низ равона шавад", - таъкид кардааст Қодиров.

Ин бори аввал нест, ки Ҳизби "Эҳёи миллӣ" пешниҳодҳои радикалӣ ироа мекунад.
Замони ҳамагирии коронавирус дар соли 2020 ин ҳизб даъват кард, ки интиқоли шаҳрвандони Ӯзбекистон аз кишварҳои дигар қатъ шавад.
Қодиров гуфта буд, ки меҳмонон метавонанд ба кишвар COVID-19 ворид кунанд. Ҳамзамон вай роҳи алтернативӣ пешниҳод кард - маблағгузории табобати ҳамватанон дар хориҷи кишвар.
"Шумо мебинед, ки онҳо чӣ кор хоҳанд кард": ҳайрати Жириновский аз афви муҳоҷирон
Тибқи омори Бонки марказии Ӯзбекистон, дар соли 2020 маблағи интиқолии муҳоҷирон аз дигар кишварҳо то 6,027 миллиард доллар ва ҳаҷми маблағҳои аз ин кишвар ба хориҷ фиристодашуда то 1,198 миллиард доллар афзоиш ёфтааст.
Беш аз сад ҳазор муҳоҷири тоҷик дар рӯйхати "афви муҳоҷирон" қарор гирифт
Аксари маболиғи байни Ӯзбекистон ва Русия интиқол шудаанд. Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти охир, ба Ӯзбекистон аз Русия 4 миллиарду 344 миллион доллар интиқол ёфтааст.
Ёдрас мекунем, ки интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон 24 октябр баргузор мешавад.