ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд бо назардошти истеҳсол ва фурӯши обу барқ ба маблағи 985,8 млн. сомонӣ маҳсулот тавлид шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Гуфта мешавад, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 млн. сомонӣ зиёд аст.
Аз ин миқдор ба маблағи 249,1 миллион сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содир шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 126 фоиз бештар будааст.
Ҳамчунин тибқи ин гузориш, дар давоми нуҳ моҳи соли 2021 дар шаҳри Хуҷанд 15 корхонаҳои нави калону миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз таъсис шудааст.
Ҳамин тавр шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 179 адад расидааст, ки танҳо ин корхонаҳо ба маблағи зиёда аз 19,0 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, дар ҳоле ки дар пайи ташкили ин коргоҳҳо 164 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудааст.
Инчунин аз ҷониби 71 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба маблағи 410,8 млн. сомонӣ истеҳсол гардида, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 97,8 млн. сомонӣ ё 31,2 фоиз бештар гуфта мешавад.
Дар ин давра ба маҳсулоти асосӣ низ 26 намуд афзуда шуда, ин шохис ба 130 номгӯ расидааст ва тавлиди 87 номгӯи он дар қиёс бо давраи мушобеҳи соли гузашта зиёда аз 100,0 дарсад таъмин шудааст.
Ҳамчунин дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ баҳри таҳкими соҳаи саноат аз ҳисоби истифодаи иқтидорҳои нав, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ беш аз 13,8 млн. сомонӣ сармояи дохилию хориҷӣ ҷалб шудааст.