Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Таъкиди СААД ба омодагӣ то ҳадди ниҳоӣ барои рафъи хатарот аз Афғонистон

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ таъкид кард, ки дар посух ба ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон то ҳадди ниҳоӣ бояд омода буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Вазъият дар Афғонистон пас аз сари қудрат омадани "Толибон"* боиси афзоиши таҳдиди бесуботӣ дар Осиёи Марказӣ шуд ва эҳтимол дорад, бадтар шавад, гуфт генерал -полковник Анатолий Сидоров, сардори ситоди муштараки СПАД.

"Маҷмуи омилҳо ба афзоиши таҳдиди бесуботӣ дар минтақаи амнияти дастаҷамъӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад ва метавонад дар оянда боиси ташаннуҷи вазъ шавад", - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Сидоров, аксари кишварҳои хориҷӣ омодагии худро барои муколама бо "Толибон"* барои ба эътидол овардани вазъ нишон медиҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, аз тамоили расмии давлатҳои хориҷӣ метавон хулоса кард, ки онҳо маҷбуранд, бо "Толибон"* ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши ифротгароии минтақаӣ муколама анҷом диҳанд.
Ятимов: Вазъи Афғонистон тамоми ИДМ-ро таҳдид мекунад
Аввали моҳи август "Толибон"* ҳамлаҳои худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дод. 15 август ҷангиёни ин гурӯҳ қудрат дар ин кишварро ғасб ва баъдан ҳукумати худ дар Афғонистонро эълон кард, аммо то кунун ҳеҷ кишваре аз дунё давлати онҳоро ба расмият нашинохтааст.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон