Рӯзи 14-уми октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?
Соли 1851 дар Англия агентии иттилоотии "Рейтер" ташкил шуд.
Соли 1901 яке аз бузургтарин садамаҳои баҳрии асри ХХ ба вуқуъ пайваст: дар ҳавои номусоид дар Байкал киштии "Потапов" ғарқ шуд, ки бар асари он, тақрибан 200 нафар ҷони худро аз даст дод.
Соли 1905 дар Порис Федератсияи байналмилалии аэронавтика таъсис шуд.
Соли 1941 рӯзномаи "Красная Звезда" аввалин маротиба шиори "Фаромӯш намекунем! Намепурсем!"-ро нашр намуд
Рӯзи 14-уми октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?
Соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон ташкил ёфт.
Соли 2003 дар Душанбе бозиҳои V Осиёи Марказӣ оғоз гардиданд, ки дар онҳо беш аз 700 нафар варзишгарон аз кишварҳои минтақа иштирок намуданд.
Соли 2011 дар шаҳри Душанбе Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқа ба истифода дода шуд.
Соли 2012 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар кард.
Соли 2015 дар маҷмааи давлатии "Кохи Борбад" бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили Рӯзи соҳибкорон Ҳамоиши байналмилалии соҳибкорӣ таҳти унвони "Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор" баргузор гардид.
Соли 2015 дар маҷмааи давлатии "Кохи Борбад" -и шаҳри Душанбе сеюмин намоишгоҳи байналмилалии кишоварзӣ, маҳсулоти хӯрокӣ ва бандубастшуда — "Agrofood-2015" баргузор шуд.
Соли 2016 дар шаҳри Еревани Арманистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҷашнҳои рӯзи 14-уми октябр
Дар Тоҷикистон - Рӯзи соҳибкорон.
Рӯзи ҷаҳонии стандартикунонӣ.
Дар Беларус - Рӯзи Модар.
Дар Русия - Рӯзи кормандони мамнуъгоҳҳо.
Рӯзи 14-уми октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?
Соли 1929 - Лола Исмоилова, доктори илми биологӣ, профессор.