Канада омодаи қабули фирориён аз Афғонистон: Трюдо гуфт, чанд ҳазор нафарро мепазиранд

Канада барои қабули фирориёни Афғонистон, ки баъди ғасби ҳукумат аз сӯйи "Толибон"* тарки кишвар кардаанд, изҳори омодагӣ намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Давлати Канада омодаи қабули 40 ҳазор гуреза аз Афғонистон аст. Дар ин бора дар саҳифааш дар "Twitter" Ҷастин Трюдо, сарвазири Канада хабар додааст.
"Канада 40 ҳазор гурезаро мепазирад. Мо аз дигарон низ даъват мекунем, ки дар муҳоҷирати бехатари фирориён фаъол бошанд", - навишт Трюдо.
Қаблан вазири муҳоҷирати Канада Марко Мендичино гуфт, ки кишвараш омодаи қабули 20 ҳазор фирорӣ аз қишрҳои осебпазир мебошад.
Масъалаи фирориёни Афғонистон барои бисёре аз давлатҳо, аз ҷумла ҳамсояҳо низ баҳсбарангез аст.
Бисёре аз кишварҳо намехоҳанд гурезаҳоро қабул кунанд. Аз ҷумла беш аз як ҳазор муҳоҷир беш аз як моҳ дар марзи Белорус бо Лаҳистон дармондаанд. Онҳо иҷозати ҳаракат ба ҳич тараферо надоранд.
Як гӯри ҷамъии дигар дар Панҷшер: “Толибон”* намегузоранд, боз шавад
Жозеп Боррел, роҳбари мақомои дипломатии Иттиҳоди Аврупо гуфт, то ҳол 22 ҳазор фирориро қабул кардаанд. Ӯ афзуд, ки давлатҳо бояд вуруди аз 10 то 20 ҳазор гурезаи дигарро иҷозат диҳанд.
Дар ҳамин ҳол дар робита ба пазириши паноҳандаҳо Сербия, Литва, Финландия, ИМА ва баъзе аз дигар кишварҳо изҳори омодагӣ кардаанд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар