Рӯзи 13-уми октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод?
Соли 1792 хишти аввали бинои қароргоҳи президенти ИМА гузошта шуд, ки аз соли 1902 расман Қасри сафед ном бурда мешавад.
Соли 1923 пойтахти Туркия аз Истанбул ба Анкара кӯчид.
Соли 1964 Маҷмаи миллии Ҷумҳурии Афғонистон таъсис ёфт.
Соли 1972 ҳавопаймои Иттиҳоди Шӯравӣ "Ил-62" дар қарибии Маскав ба садама дучор шуд, ки дар натиҷа 174 нафар мусофири он ҷони худро аз даст дод. Дар он замон ин калонтарин садамаи ҳавопаймоӣ маҳсуб меёфт.
Соли 2001 дар Берлин тақрибан 4 ҳазор нафар бар зидди ҷанг дар Афғонистонба намоиши эътирозӣ ташкил карданд.
Соли 2006 Пан Ги Мун аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба мақоми котиби нави генералии ин созмон интихоб шуд.
Рӯзи 13-уми октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?
Соли 2005 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон котиби давлатии ИМА Кондолиза Райсро, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор дошт, ба ҳузур пазируфт.
Соли 2009 "Амонатбонк" ва Бонки давлатии Чин Созишнома дар бораи истифодаи пули чинӣ дар ҳамкории молиро ба имзо расониданд.
Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи марказии Гвардияи миллии Тоҷикистон рафта, дар тантанаҳои бахшида ба 19-умин солгарди ин воҳиди махсуси низомӣ иштирок намуд.
Соли 2016 дар шаҳри Ереван Эмомалӣ Раҳмон ва президенти вақти Арманистон Серж Саргсян масоили гуногунҷанбаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Арманистонро баррасӣ намуданд.
Соли 2019 Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармони нав барҳамдиҳии бахшҳои амниятиро дар дохили идораҳои давлатӣ идома дод. Тибқи фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки охири моҳи сентябри соли равон имзо шуд, шуъбаи амнияти дохилӣ аз сохтори Ожонси назорати маводи нашъаовари назди раисҷумҳур ҳазф шуд.
Ҷашнҳои рӯзи 13-уми октябр
Рӯзи ҷаҳонии тухм.
Дар Озарбойҷон - Рӯзи кормандони роҳи оҳан.
Рӯзи фермерҳо дар ИМА.
Рӯзи кормандони адлия ва додгоҳ.
Рӯзи кормандони соҳаи фарҳанг дар Белорусия.
Рӯзи 13-ум октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?
Баҳриддин Азизӣ (1896 – 1944) – шоир, нависанда.
Ноҳид Зайналпур (1970) - навозанда (ғижакнавоз).
Мирбобо Зиёев (1910 – 1974) – актёри театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
Розия Зоолшоева (1939) - актрисаи театр.
Қодири Рустам (1958) - нависанда.
Парда Қосимов (1947) – сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
Тоҷимат Сатторов (1948) - доктори илми педагогӣ.
Уруни Назар (Ворис) (1962) – шоир.
Чёрная Лидия (1904 – 1981) – доктори илми тиб, профессор.