СММ ба Тоҷикистон дар сурати афзоиши мавҷи паноҳандагони афғонистонӣ кумак мекунад

Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонад бо мавҷи паноҳандагони афғонистонӣ танҳо мубориза барад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Тоҷикистон аз вуруди паноҳандагон аз Афғонистон аз созмонҳои байналмилалӣ кумак хоҳад гирифт. Дар ин бора Нодира Акбаралиева, мушовири хурди робита бо ҷомеаи дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ба "РИА Новости" хабар дод.
Ба гуфтаи вай, ба ҷумҳурӣ ҳам кумаки техникӣ ва ҳам молӣ расонида мешавад. Ин созмонҳо омодаанд, "бори масъулияти қабули паноҳандагонро ба дӯш гиранд".
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Гурезаҳо ба ивази миллионҳо: НАТО дар назди Тоҷикистон ба зону мезанад
Акбаралиева қайд кард, ки раёсати Комиссариати олии паноҳандагони СММ бо мақомоти Тоҷикистон дар бораи қабули шаҳрвандони Афғонистон дар қаламрави давлат робитаҳои доимӣ дорад.
Ба гуфтаи мутахассис, кишварҳо наметавонанд дар танҳоӣ бо мушкилоти паноҳандагон мубориза баранд.

"Ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳо бояд масъулияти дарёфти роҳҳои муносиб барои чунин вазъиятро ба дӯш гиранд", - таъкид кард Акбаралиева.

Шумораи паноҳандагон дар Тоҷикистон пас аз ишғоли қудрат дар Афғонистон аз ҷониби гурӯҳи террористии "Толибон", ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст ва бинобар қатъи парвозҳои байналмилалӣ аз Кобулу бастани марзҳо ба рӯи онҳо ночиз буд.
ИА барои паноҳандаҳои Афғонистон дар Тоҷикистон 160 ҳазор евра ихтисос медиҳад
Аммо пас аз барқарор шудани ҳаракати ҳавоӣ ва додани шиноснома шумораи онҳо метавонад афзоиш ёбад.
Акбаралиева хотиррасон кард, ки СММ расонидани кӯмаки башардӯстона ва дастгирии ҳуқуқиро ба ҳамаи паноҳандагон идома медиҳад.