Раҳмон хонум Тилйёро ба Душанбе даъват кард: Ӯ аз робитаҳо изҳори қаноатмандӣ намуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо хонум Элиан Тилйё, президенти Палатаи намояндагони парлумони федеролии Белгия густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо хонум Элиан Тилйё 11 октябр дар шаҳри Брюссел баргузор шуд, хабар дод дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Манбаъ иттилоъ дод, ки дар ин мулоқот масоили ҳамкории сиёсию байнипарлумонии Тоҷикистону Белгия баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи хуби робитаҳои сиёсӣ ва байнипарлумонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, дар ин зимн густариши минбаъдаи фаъолияти Гурӯҳи дӯстии Иттиҳоди байнипарлумонии Белгия ва Тоҷикистонро зарур шумурдааст.
Раҳмон бо сафари дурӯза аз Брюссел вориди Париж мешавад
"Ҷонибҳо ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар фаъолияти сиёсию қонунгузорӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишварҳоро муҳокима карданд", - хабар дод дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Таъкид шудааст, ки ба ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва башардӯстонаву фарҳангӣ, аз ҷумла соҳаҳои энергетика, саноат, илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ, ҳавасмандӣ зоҳир гардид.
Аз мавзуъҳои дигари меҳварии мулоқот мубориза алайҳи таҳдидҳои муосири амниятӣ арзёбӣ шуд.
Дар Эмомалӣ Раҳмон аз хонум Элиан Тилйё даъват намудааст, ки ба Тоҷикистон ташриф орад.