Путин шарҳ дод, ки чаро месулфад

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия вазъи саломатияшро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин итминон дод, ки бо саломатияш мушкиле надорад.
Маврид ба зикр аст, ки Путин дар зимни ҷаласаи онлайнӣ бо аъзои Шӯрои амнияти Русия сулфид, ки боиси пайдо шудани суолҳо миёни ҳозирин гашт.
Путин тавзеҳ дод, ки ин сулфааш ба фаъолияти зиёди ӯ дар кӯча рабт дорад.

"Дар ҳавои боз ҳаракат кардам, салқин буд. Ҳама хуб аст", - таъкид намуд раисҷумҳури Русия.

Маврид ба зикр аст, ки нимаи моҳи сентябр Путин сафарашро ба Тоҷикистон лағв карда, дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви СААД ва СҲШ, ки дар Душанбе баргузор шуд, аз тариқи онлайнӣ иштирок намуд.
Пешниҳоди ҷарима барои радди ваксинагирӣ алайҳи коронавирус дар Русия
Иттилоъ дар мавриди қарантини раисҷумҳур 14 сентябр расонаӣ гардида, далели ин иқдом гирифтории бархе аз атрофиёни Путин ба коронавирус гуфта мешуд.
Худи раисҷумҳур гуфт, дар пайи сари вақт нагирифтани ваксинаи дувум бархе аз афроде, ки бо ӯ кор карданд, гирифтори COVID-19 шудаанду бемориро осон аз сар мегузаронанд.
Маврид ба зикр аст, ки худи Путин ваксинаи зидди коронавируси тавлиди Русия "Спутник V" гирифта буд.