Барои кишвар пирӯзӣ оварданд: 10 паҳлавони тоҷик дар қатори беҳтаринҳои Осиёи Марказӣ

Якбора даҳ медал, нуқра ва биринҷӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии муҳорибаҳои омехтаи Осиёи Марказӣ насиби варзишгарони Тоҷикистон шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии муҳорибаҳои омехтаи Осиёи Марказӣ 10 медал ба даст оварданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон.
Мусобиқот рӯзҳои 9-10 октябр дар шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон (Ӯзбекистон) дар 10 вазн баргузор шуд.
Ҳамин тариқ варзишгарони тоҷик соҳиби чор медали нуқра ва шаш биринҷӣ шуданд.
Нокаут дар даври аввал: шикасти размкори тоҷик аз рақиби русаш - видео
Воҳид Зоҳидзода, Фаридун Шоназаров, Азмуддин Ваҳҳобов ва Асадбек Маннонов тавонистанд барандагони ҷоизаҳои нуқра гарданд.
Медали биринҷиро Ҷамшед Бозоров, Ёқубҷон Сафаров, Шуҳрат Исматов, Ҳувайдулло Табаров, Иброҳим Ғафуров ва Масъуд Одинаев ба даст оварданд.
Ин дафъа медалҳои тиллои Қаҳрамонии Осиёи Марказиро дар риштаи муҳорибаҳои омехта намояндагони Ӯзбекистон (ҳафт медал) ва Қазоқистон (се медали тилло) ба даст овардаанд.