ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Шоири мардумии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Аскар Ҳаким ба синни мубораки 75-солагӣ расид. Ин шахсияти пуркор, ки на танҳо ба навиштани шеър машғул аст, мегӯяд, ҳоло нақшаҳои зиёд дорад.
Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки то куҷо аз ҳаёту эҷодиёташ қаноатманд аст ва чӣ корҳоеро мехоҳад ба сомон расонад.
Аскар Ҳаким адабиётшинос, мунаққид, мутарҷим ва журналист низ ҳаст. Ба ин нигоҳ накарда, адиб мегӯяд, аз коре ки дар тӯли умр дошт, на он қадар розист.
"Аз он корҳое, ки то имрӯз кардаам, аз баъзеаш қаноатманд ҳастам, аз баъзеаш не. Яъне ноқаноатмандӣ аз умри худ сад дарсад розӣ набудан, дар ҳаёти инсон ҳамеша ҳаст",-таъкид мекунад вай.
Шоири муаллифи бештар аз 9 маҷмуаи шеърӣ, аз ҷумла Раҳнавард" (1983), "Тарозуи Офтоб" (1987), "Путник" (Маскав, 1989), "Рӯзи умед" (1990), "Рубоиёт" (1992), "Баргпайванд" (Ню-Йорк, 1993), "Шаҳри меҳолуд" (ба ҳуруфи ниёкон; 1993), "Баргузидаи ашъори Аскар Ҳаким" (Теҳрон, 1995) аст. Маҷмуаи ашъори вай соли 2012 нашр гардидааст.
Коршиносон вижагии дигари Аскар Ҳакимро дар зулисонайнии ӯ, яъне гуфтани шеър бо ду забон - русӣ ва тоҷикӣ мебинанд. Нахустин баргҳои сабзи шоир бо забони русӣ соли 1982 ва нахустин маҷмӯаи шеъраш соли 1989 дар Маскав нашр шудаанд.
Шоири мардумӣ соли 1974 дар мавзӯи "Ворисияти таърихӣ ва навпардозиҳои шоирона" рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Дар ин ҷода муҳаққиқ мехоҳад, бо таҳқиқи таърихи шеъри муосири тоҷик пардозад.
"Мехоҳам таърихи шеъри муосири тоҷикро нависам. Барои ин бояд аввал дар бораи шеърҳои дурахшони он очеркҳо навишт",-таъкид мекунад ӯ.
Вай меафзояд, ки яке аз очеркҳояш - "Мақоми шеър дар эҷодиёти устод Айнӣ"-ро аллакай нашр кардааст.
"Ҳамин гуна очеркҳоро мехоҳам дар бораи устод Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода ва дигарон то он ҷое ки имкон меёбаму замон меёбам, нависам. Дар шеър бошад пешгӯӣ карда намешавад, ки одам чӣ менависад. Кай имкон даст доду ҳиссиёте фаро гирифт ё андешае фаро гирифт, кора хоҳам кард", - таъкид мекунад шоир.
Вай меазояд, ки нақшаҳои кории бисёр дорад. "Мехоҳам, ки онҳоро иҷро карда тавонам"-, таъкид мекунад шоири мардумии Тоҷикистон.
Аскар Ҳаким 10 октябри соли 1946 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби №12 ноҳия ва факултаи таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар идораи Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пас аз хатми аспирантураи МГУ ба номи Ломоносов ва дарёфти унвони номзади илми филология (с.1974), дар вазифаҳои ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ, мушовири адабии Иттифоқи нависандагон, муовини сармуҳаррири маҷаллаи "Садои Шарқ", котиби садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири ҳафтавори "Адабиёт ва санъат" (1980-1990), Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1991-2003), кор кардааст.
Ҳамзамон ӯ муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон (2000-2005), мудири Котиботи назди роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009-2011) хидмат кардааст.
Аз соли 2012 ходими калони илмӣ, сарходим ва ҳамзамон сардабири маҷаллаи "Суханшиносӣ"-и Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Соли 2018 дар мавзӯи “Вежагиҳои анвои шеъри ғиноӣ (дар мисоли шеъри ғиноии тоҷики нимаи дувуми садаи ХХ) рисолаи докторӣ дифоъ кардааст.