ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Арабистони Саудӣ шарти ҷадид барои зоирини хонаи Худоро гузошт, хабар медиҳад "ал-Олам".
Ба иттилои манбаъ, ин кишвар дар асоси дастурамали Вазорати беҳдошти Арабистон ва ба хотири ҳифзи саломатии зоирин шартҳои нав пиёда намудааст.
Ба ҳамин минвол Вазорати ҳаҷҷи умраи Арабистон эълон намудааст, ки иҷозати зиёрати хонаи Худо танҳо ба нафароне дода мешавад, ки ду вояи ваксинаи мавриди таъйиди ин кишварро дошта бошанд.
Зикр гардидааст, зоироне, ки муҷаввизи адои маносики умра, намоз ё зиёратро дарёфт намудаанд ва аммо ду воя воксан нагирифтаанд, барои ҷилавгирӣ аз лағви муҷаввизи адои маносик бояд вояи дувумро 48 соат пеш аз судури муҷаввиз дарёфт кунанд.
Арабистон пештар адои маносики ибодӣ дар Масҷид-ул-ҳаром ва Масҷид-ун-набиро танҳо машрут ба дарёфти воксинаи мавриди таъйиди ин кишвар карда буд .
Арабистон пештар адои маносики ибодӣ дар Масҷид-ул-ҳаром ва Масҷид-ун-набиро танҳо машрут ба дарёфти воксинаи мавриди таъйиди ин кишвар карда буд .
Бар асоси гузориши бархе манобеи хабарӣ, мақомоти ин кишвар рӯзона 60 ҳазор ва моҳона тақрибан 2 миллион зиёраткунандаро қабул мекунанд.
Ба далели авҷи бемории коронавирус Арабистон аз қабули зоирони 33 кишвари ҷаҳон барои адои маносики ҳаҷҷи умра худдорӣ карда буд.