ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Пас аз суқути ҳукумати пешин дар як қатор вилоятҳо мактабҳои духтарона танҳо то синфи 6 кушода шудаанд, аммо ин мушкил дар Балх аз байн рафт ва ҳоло барои духтарон барои таҳсилот дигар монеа вуҷуд надорад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба шабакаи телевизионии "TOLOnews".
Духтарони донишомӯз дар Балх мегӯянд, ки дар вилоят духтарон аз синфи якум то синфи дувоздаҳ ба мактаб мераванд ва ҳеҷ монеае барои таҳсили онҳо вуҷуд надорад.
Хонандаи синфи 12 Темна гуфт: "То андозае эътимод ҳаст, ки шумораи хонандагон ҳатто афзоиш ёфт. Мо гуфта наметавонем, ки ҳама чиз муқаррарӣ аст, аммо мо аз вазъе, ки дорем, қаноатмандем".
"Дарсҳои мо идома доранд ва амният хеле хуб аст. Омӯзгорон бо мо кор мекунанд",-гуфт хонандаи синфи 11 Фатима.
Омори раёсати маорифи Балх нишон медиҳад, дар вилоят зиёда аз 600 мактаби духтарона ва писаронаи фаъол аст, ки дар онҳо зиёда аз 500 ҳазор донишомӯзи духтар дарс мехонанд.
"Музди меҳнат ва имтиёзҳо вуҷуд надорад ва мо чаҳор моҳ боз маош нагирифтаем",-гуфт омӯзгор Соҳейла Вардак.
Дар ҳамин ҳол, масъулони маорифи Балх аз хонаводаҳо даъват мекунанд, ки фарзандонашонро ба мактаб бифиристанд.
Руми Муҳаммад Наим Балхӣ, мудири маорифи Мазори Шариф, гуфт: "Мо аз волидон хоҳиш мекунем, ки фарзандони худро ба мактаб фиристанд, то ояндаи солим дошта бошем".
Масъулини маорифи Балх эътироф мекунанд, ки бархе аз макотиби писарону духтарони вилоят бино надоранд ва донишомӯзон маҷбуранд, дар зери хайма ё дар беруни бино таҳсил кунанд.