Ҳайати Амрико дар Давҳа бо намояндагони “Толибон”* дидору гуфтугӯ хоҳанд кард

Ин мулоқот аввалин тамос дар сатҳи олӣ миёни ИМА ва “Толибон”* пас аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Мақомоти баландпояи Амрико дар охири ҳафтаи ҷорӣ барои аввалин бор аст, ки пас аз хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон бо намояндагони “Толибон”* мулоқот хоҳанд кард, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости дар истинод ба хабарнигори Ройтерс.
"Як мақомдори амрикоӣ гуфт, ки як ҳайати ИМА, аз ҷумла мансабдорони Департаменти давлатӣ ва намояндагони мақомоти иктишофӣ, дар охири ҳафта дар Давҳа бо сухангӯи Толибон мулоқот хоҳанд кард", - навиштааст ӯ дар Твиттер.
Ин нишаст нахустин тамоси сатҳи олӣ миёни Амрико ва Толибон пас аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон хоҳад буд.
Қайд карда мешавад, ки мавзӯи асосии музокирот идомаи талошҳо барои хуруҷи амрикоиҳо аз ҷумҳурӣ ва фишор бар сари “Толибон”* барои таъмини дастрасӣ, баррасии кумакҳо, ҳушдор додан дар бораи эҳтимоли эҳсосоти ифротгароӣ хоҳад буд.
Дипломати рус: "Толибон"* вазъро дар марзи Тоҷикистон назорат карда наметавонанд
"Ин мулоқот на барои эътироф ё тасдиқи қонунии онҳост. Мо дар як мавқеи возеҳе қарор дорем, ки қонунӣ буданро бояд тавассути амалҳо нишон дод. Ин мулоқот идомаи кори прагматикӣ бо “Толибон”* аст", - гуфтааст як мақомдори амрикоӣ.
Вазъият дар Афғонистон моҳи июн бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Дар миёнаҳои моҳи август, дар пасманзари хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, “Толибон”* тамоми шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол карданд.
Дар ҳамин ҳол, Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури собиқи ин кишвар аз мақоми худ истеъфо дод ва Афғонистонро тарк кард.
* - гурӯҳи терррористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон