Роҳи 50-миллионӣ: Оғози таъмири масири Деҳмой - Бобоҷон Ғафуров - Конибодом

Масофаи умумии роҳи таҷдидшаванда 50,5 километрро дар бар гирифта, бо паҳноии аз 8 то 15 метр дар қитъаҳои алоҳида сохта мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Таъмири роҳи мошингарди Деҳмой - Бобоҷон Ғафуров - Конибодом оғоз шуд.
Маросими оғози навсозии роҳ бо ширкати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад, оғоз шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти кишвар.
Гуфта мешавад, ки дар марҳилаи татбиқи лоиҳа дар ин масир, корҳои тахту ҳамворнамоӣ, гузоштани қубурҳои обгузар, сохтани ҷӯйборҳои бетонӣ бо панҷараҳои муҳофизатӣ дар ду канори роҳ, сохтмон ва таъмири 11 пули мошингузар пешбинӣ гардидааст.
Тибқи гузориши манбаъ, ин тарҳ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи марҳилаи чоруми Барномаи рушди роҳҳои алоқаи минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд рафт
Ҳазинаи таҷдиду навсозии роҳ, ки бояд дар давоми се сол амалӣ шавад, 50 миллион доллар арзёбӣ шудааст.
Ҳамин тавр роҳи Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров бо тӯли 21,9 километр, 6,3 километр роҳи Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз, Конибодом — Кучкак бо тӯли 10 километр ва роҳи 12,3-километрии Куруш — Бекобод, дар маҷмуъ 50,5 километр пурра таъмир мешаванд.
Ҳамчунин Ҳукумати Ҷопон беш аз 10 адад нақлиёти тамғаҳои нав, ки асосан барои нигоҳдории ҳолати истифодаи роҳҳо пешбинӣ шудаанд, ба Тоҷикистон додааст. Воситаҳои нақлиёт кумаки бебозгашти Ҷопон аст.