Заминларзаи мудҳиш дар Покистон ҷони 20 нафарро гирифт

Аксари онҳое, ки бар асари офати табиӣ ҳалок шудаанд, занону кӯдаконанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Теъдоди қурбониёни заминларзаи шадид дар Покистон ба 20 нафар расид. Аксари қурбониён занону кӯдаконанд.
Дар ин бора рӯзномаи "Dawn" бо истинод ба шуъбаи рафъи офатҳои табиӣ хабар медиҳад.
Заминларза бо шиддати 5,7 балл дар вилояти Балучистони ҳаммарз бо Эрон ва Афғонистон рух дод. Маркази заминларза дар 102-километрии шимолу шарқи шаҳри Квета воқеъ буд, ки маркази он дар умқи 10 километр ҷойгир будааст.
"Dawn" таъкид мекунад, ки беш аз 300 нафар аз ҳодисаи табиӣ осеб дидаанд.
Заминларзаи шадиди Афғонистон Тоҷикистону Ӯзбекистонро низ ҷунбонд
Заминларзаро сокинони дигар шаҳрҳои Покистон Сибби, Пишин ва Чаманниз эҳсос карданд.
Зарари шадидтарин дар Ҳарнай ба қайд гирифта шудааст, ки он ба маркази зилзила назар ба дигар нуқтаҳои аҳолинишин наздиктар аст. Инчунин дар ин вилоят баъзе биноҳои маъмурӣ хароб шудаанд. Мақомоти кишвар хисороти воридшударо арзёбӣ мекунанд.
Қаблан заминларза дар кишвари ҳамсояи Покистон, Афғонистон рух дода буд. Ин заминларзаро сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон низ эҳсос карданд.