Расона: “Толибон”* иҷрои мусиқии зиндаро дар маросими арӯсӣ манъ кард

“Толибон”* қоидаҳои тозае барои баргузории ҷашнҳои арӯсӣ дар Афғонистон эълон кард, ки яке аз онҳо манъи иҷрои мусиқии зинда дар арӯсиҳо мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Тасмими марбута дар ҷаласаи вижае, ки ахиран Вазорати умури занонро ба Вазорати “амр ба маъруф ва наҳй аз мункар” тағйир доданд, гирифта шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба шабакаи телевизионии “Иран Интернешнал”.
Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари “Толибон”* қоидаҳои нави баргузории тӯйҳоро муқаррар кардааст. Мамнуияти иҷрои мусиқии зинда, ҷудо кардани толорҳои мардона ва занона ва манъи баргузории маросими никоҳ пеш аз сервиси ғизо аз ҷумлаи қавоиде аст, ки тавассути идораи амр ба маъруф ба соҳибони толорҳо иблоғ шудааст.
Пеш аз ин толордорон бахшҳои занона ва мардона маросими издивоҷро бо девора аз ҳофиз аз ҳам ҷудо мекарданд, аммо “Толибон”* ин гуна ҷудосозиро қобили қабул намедонанд, зеро ба бовари он, садои бахши занон ба мардон ва садои мардон ба бахши занон меравад.
"Рақибони Қорӣ Фасеҳуддин": барканории волӣ ва фармондеҳи пулиси Бадахшону мақоми навашон
Ин қоидаҳо дар дидори мансабдорони Вазорати ”амр ба маъруф ва наҳй аз мункари “Толибон”* бо соҳибони меҳмонхонаҳои шаҳри Кобул эълон шудааст.
Иҷрои мусиқии зинда дар тӯйҳо як роҳи ба даст овардани пул ва ҳалли мушкилоти молии аксари овозхонону навозандагони ҷавони Афғонистон буд.
Ин тасмим як гурӯҳи калони овозхонону навозандагонро ба мушкилоти молӣ рӯ ба рӯ хоҳад кард.
Аввали моҳи август “Толибон”* ҳамлаҳои худро ба нерӯҳои давлатии Афғонистон шиддат бахшид. Санаи 15 август нерӯҳои “Толибон”* вориди Кобул шуд ва Кохи раёсатҷумҳуриро таҳти назорати худ гирифтанд. Сипас хабаре расид, ки президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кардааст. Субҳи 16 август “Толибон”* эълон кард, ки ҷанг дар Афғонистон ба охир расидааст ва шакли ҳукуматдории Афғонистон ба зудӣ муайян хоҳад шуд. Рӯзи 7 сентябр “Толибон”* рӯйхати аъзои ҳукумати нави Афғонистонро эълон кард.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия